Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

Дар шаҳри Хуҷанд 13 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Соли равон бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар шаҳри Хуҷанд 13 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар маҳаллаҳои Мевағул, Темурмалик ва Суғдиёни шаҳр маҷмааи фароғатию варзишӣ барои шуғли кӯдакон, бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол ва майдончаҳо барои бозии футбол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Коллеҷи тиббии шаҳр ба номи Ю. Исҳоқӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва мактаби хусусии “Гулчини маърифат” низ майдончаву толорҳои варзишӣбунёд гардидааст.

Хотирнишон бояд кард, ки дар ҳудуди шаҳр беш аз 260 иншооти варзишӣ барои дӯстдорони намудҳои гуногуни варзиш хизмат мерасонад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар шаҳри Хуҷанд 13 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд