Хабарҳо
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55

Мулоқоти сарварони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон

( 0 Овоз )

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоти сарварони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ доир гардид.

Мулоқотро раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода оғоз бахшида, зикр кард, ки соли равон тавассути Маркази миллии тестӣ 209 нафар ҷавонони шаҳр ба донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои касбии кишвар дохил шудаанд. Ҳамчунин 42 нафар ба донишгоҳҳои ИДМ ва 2 нафар ба донишгоҳҳои хориҷи дур дохил шудаанд. Алҳол, 70 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе, 457 нафар дар донишгоҳҳои олӣ ва омўзишгоҳҳои вилояти Суғд, 142 нафар дар донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар, дар маҷмўъ 669 нафар таҳсил менамоянд.

Сипас,  Ҷамшед Ҷўразода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Мўмин Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Мухтор Фозилзода, ректори Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Насим Тошхоҷаев, намояндаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Рауф Олимӣ, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, Илхом Комилов, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Манучеҳра Кенҷазода, директори Коллеҷи омўзгорӣ ва Санам Аминҷонова, намояндаи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз суханронӣ намуда, роҷеъ ба фаъолияти муассисаҳои оливу миёнаи касбӣ ва шартҳои қабули довталабон ҳарф заданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти сарварони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон