Хабарҳо
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47

Чорабинии солинавӣ дар Мактаб-парваришгоҳи махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара

( 0 Овоз )

Дар Мактаб-парваришгоҳи махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара ба муносибати Соли нави мелодӣ чорабинии идона доир шуд.

Дар чорабинии идонаи тарбиятгирандагони ин муассисаи иҷтимоӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва сарпарастон иштирок намуданд. Ба муҳассилини ин боргоҳи маърифат аз ҷониби сарпарастон туҳфаҳои солинавӣ ва либосҳои зимистона тақдим гардида, дастурхони идона ороста шуд.

Ба ифтихори ҷашну ташрифи меҳмонон ва ҷавобан ба ғамхориҳои мақомотҳои давлативу корхонаҳои сарпараст дастаи ҳаваскорони муассиса барномаи фарҳангии ҷолиби худро таҳти унвони "Соли нав, иқболи нав бодо муборак дӯстон!" ба намоиш гузоштанд.

Бино ба иттилои сарвари Мактаб - парваришгоҳи махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳр Ҳамидахон Воҳидова таълимгоҳ дорои заминаи хуби таълиму тарбия ва табобату истироҳат буда, алъон дар инҷо 77 нафар кӯдакону наврасон аз шаҳру навоҳии вилоят таҳсил мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Чорабинии солинавӣ дар Мактаб-парваришгоҳи махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара