Хабарҳо
Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом - 13.12.2018 14:26
Н О Г У Ф Т А Ҳ О ё дар интизори аломати нуқта - 13.12.2018 23:27
Шикасти Берлин: оё роҳбарони ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони онҳо аз гирдиҳамоии нокоми худ дар Берлин сабақҳои зарурӣ мегиранд? - 13.12.2018 23:26
Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид - 13.12.2018 11:14
Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид - 13.12.2018 09:48
Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом - 13.12.2018 14:26
ЯҲУДИЁН ВА НАСРОНИЁН ДАР ОИНАИ КАҶИ ТЭТ ҲНИ. - 13.12.2018 14:07
БА ЗОНУ ЗАНЕДУ ТАВБА КУНЕД! 10 ШАРТИ “ФАБРИКАИ ҶАВОБ” БА ҲНИТ - 13.12.2018 13:55
Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид - 13.12.2018 11:26
Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид - 13.12.2018 11:14

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави 2018

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Пеш аз ҳама, фарорасии Соли нави мелодиро ба кулли ҳамватанон самимона таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, саодати рӯзгор, сарбаландӣ ва хонаободию хушрӯзгорӣ таманно мекунам.

Соли 2017 дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо бо хатҳои зарҳалин сабт хоҳад шуд. Зеро дар ин соли таърихӣ мардуми шарафманди кишвар дар заминаи татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, ҷашни бошукӯҳи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорию соҳибистиқлолӣ таҷлил намуданд.

Пешвои миллат дар суханронии худ ба муносибати таҷлили ин санаи фархунда барҳақ таъкид намудаанд, ки “Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ бо назардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд”.

Қобили зикр аст, ки соли 2017 дар вилоят таъмини ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо, сохтмони муассисаҳои таълимию тандурустӣ, иншооти варзишӣ, эҳёи суннатҳои қадимаи ҳунарҳои мардумӣ густариши тоза пайдо карданд.

Бахусус, сафарҳои Пешвои миллат имконият фароҳам оварданд, ки дар вилоят як қатор иншооти ҳаётан муҳими иҷтимоию фарҳангӣ ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шуда, ба аҳли ҷомеа руҳу илҳоми тоза эҳдо намоянд.

Дар арафаи Соли нави мелодӣ ба мақоми олии қонунгузори мамлакат пешниҳод шудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фоли нек маҳсуб гардида, эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба пешрафту тараққӣ додани сайёҳӣ ва тақвият ёфтани касбу ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Бо чунин таманниёти нек бори дигар, фарорасии Соли нави 2018-ро ба ҳамаи ҳамватанони азиз таҳният гуфта, дастоварду музаффарият, дастархони пур аз нозу неъмат ва саломатию хотирҷамъӣ таманно дорам.

Соли нав муборак бошад!


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави 2018