Хабарҳо
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Рамазон табрик намуд - 15.06.2018 07:39
Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ашт - 14.06.2018 09:29
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд - 14.06.2018 09:26

Баргузории иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум

( 0 Овоз )

Рӯзи 27 декабр дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум доир гардид.

Дар рафти иҷлосия раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2017 ҳисобот дод. Маъруф Муҳаммадзода зимни ироаи гузориш иттилоъ дод, ки дар натиҷаи иҷрои саривақтии вазифаҳои муайянгардида, густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда муяссар гардид, ки рушди бонизоми иқтисодии шаҳр ҳамчун қисми таркибии иқтисоди миллӣ таъмин шавад, ки нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои ёздаҳ моҳи соли 2017 аз он шаҳодат медиҳанд.

Вакилон ҳамзамон як қатор масъалаҳои баррасишавандаро муҳокима намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд зимн суҳбат дар ҳузури вакилон изҳори боварӣ намуд, ки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ва фаъолони шаҳр чун фарзандони худогоҳу худшиноси Ватан дар роҳи таҳкими истиқлолият ва ҳифзи ягонагии Тоҷикистони азиз беш аз пеш талош варзида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва дар ин замина таъмин кардани зиндагии шоистаи мардум ва татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум