Хабарҳо
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55

Дар Истаравшан даври шаҳрии озмуни “Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” баргузор гардид

( 1 Овоз )

Рӯзи 26 декабри соли ҷорӣ дар толори  Маркази фарҳангӣ – фароғатии «Муборак» -и шаҳри Истаравшан маросими ҷамъбасти озмуни шаҳрии «Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин» баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, занони собиқадор, фаъолону пешсафони соҳаҳои мухталифи ҷомеа ширкат намуданд.

Нигора Ҳайдарзода, муовини раиси шаҳр зимни суханронии худ иброз намуд, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ хеле зиёд аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш иброз доштанд, ки «бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин  ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад».

Дар идомаи чорабинӣ исми ғолибони озмун эълон карда шуд. Ҳамин тариқ, тибқи баҳогузориҳои ҳакамон аз рӯи шартҳои гуногун Зилола Ҷӯраева, Зиёда Муҳаммадиева, Муслима Сулаймонова, Дилсора Буриева ва Наргис Ҷумаева ғолиб дониста шуданд. Шоҳҷоизаи озмун насиби  Шириной Ҷӯрабоева гардид.

Аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ба ғолибон ва як қатор занони фаъолу собиқадор туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти шаҳр тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Истаравшан даври шаҳрии озмуни “Маркази таълимию истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” баргузор гардид