Хабарҳо
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванд - 08.12.2018 23:32
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Писарандари дурӯғгӯён - Муҳаммадиқболи Садриддин (Ҷавоб ва даъвати Баҳодур Саидов ба М.Садриддин: Тарс бузургтарин гуноҳ аст) - 08.12.2018 15:32
АНГАЛИ НАҲЗАТӢ ЧУН РЕШАИ САРАТОН ДАР БАДАНАИ МИЛЛАТ - 08.12.2018 15:23
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванданд - 08.12.2018 07:37
Ҳамхонии персонажҳои ТТЭ ҲНИ дар фолклори точик - 08.12.2018 07:35
Тазоҳуроти навбатӣ дар қолаби сенарияи наҳзатӣ - 08.12.2018 07:33
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 07:32
Интиқоди раҳбари наҳзатӣ дар матолиби ахири Додоҷони Атовулло - 08.12.2018 07:30

Ба ғолибони мусобиқаи вилоятии "Маҳаллаи беҳтарин” 90 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид

( 0 Овоз )

Мусобиқаи вилоятии "Маҳаллаи беҳтарин", ки бо мақсади муайян намудан ва баҳо додан ба корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, гулзоркунӣ, сохтмону таъмири иншооти иҷтимоӣ, роҳҳои маҳҳалӣ, таъминот бо оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Имрӯз дар рафти иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум номи ғолибони озмун эълон карда шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар озмуни мазкур маҳаллаи ба номи Даврон Самадови ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби ҷойи аввал гардид. Маҳаллаҳои Ватани шаҳри Бӯстон ва Раззоқи шаҳри Хуҷанд ҷойҳои дуввум ва сеюмро соҳиб шуданд.

Ба ғолибони мусобиқа Шаҳодатнома ва маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ, 30 000 сомонӣ ва 10 000 сомонӣ супорида шуд.


Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба ғолибони мусобиқаи вилоятии "Маҳаллаи беҳтарин” 90 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид