Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи энергетикаи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд

( 0 Овоз )

Бахшида ба Рӯзи энергетикаи тоҷик, ки ҳамасола 22 декабр таҷлил мешавад, дар идораи Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Мудири шӯъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба муносибати Рӯзи энергетикҳоро ба самъи ҳозирин расонд. Таъкид гардид, ки рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода низ энергетикҳоро бо иди касбиашон таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид сохт, ки маҳз дар замони Истиқлолият бо ибтикор ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд инкишоф ёфта, бори аввал дар Тоҷикистон низоми биллингӣ дар соҳаи энергетика роҳандозӣ карда шуд ва он бо муваққият анҷом ёфт. Ин лоиҳа имкон дод, ки тамоми таҷҳизоти барқрасонии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таҷдиду азнавсозӣ шуда, талафоти неруйи барқ паст ва шиддатнокӣ беҳтар карда шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор пешқадамони соҳа тӯҳфа ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи энергетикаи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд