Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

Мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагон дар ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )

Рӯзи 20-уми декабр роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо беш аз ҳазор нафар хонандагони мактабҳои ноҳияи Ашт мулоқот намуданд.

Мулоқоти мазкур дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия баргузор шуд. Нахуст раиси ноҳия Зариф Мирдадо иттилоъ дод, ки соли равон 2285 нафар муассисаҳои таълимии ноҳияро хатм менамоянд, ки бештарашон меҳоҳанд дар оянда соҳибкасб гардида, ба меҳани азиз хизмат намоянд.

Сипас, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус - Фозил Мухторзода, ректори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, директори Донишкадаи политехникии ДТТ дар шаҳри Хуҷанд, Муҳиддин Сабуров, сардори Раёсати таълими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Аминҷон Амонов, раиси иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Ҳомидҷон Ҳошимов, муовини директор оид ба таълими Донишкадаи иқтисод ва савдои ДТТ, Илҳом Комилов, директори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Манучеҳра Кенҷазода, директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, Санам Аминҷонова, муовини директори коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд бо ролику слайдҳо муассисаҳои худро муаррифӣ намуданд.

Хатмкунандагон Меҳрона Абдураҳмонова, Нӯъмон Масаидов, Исмоил Мадусмонов, Фарангис Ғаниева, Фараҳноз Ҷалилова, Диёра Комилова, Фараҳноз Қосимова а дигарон вобаста ба ҷоришавии эссе дар имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ, шароити хобгоҳҳо, имтиёзҳо ба хатмкунандагони эҷодкору навовар суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби хонандагони ҳунарманди ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаши аҳли нишаст гардонда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагон дар ноҳияи Ашт