Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

Баргузории спартакиадаи ҳарбӣ-варзишӣ дар қисми ҳарбии 3501

( 0 Овоз )

Аз санаи 11 декабр то 15 декабри соли 2017 байни сарбозони ҷузъу томҳои қисми ҳарбии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли ҷавонон спартакиадаи ҳарбӣ-варзишӣ аз рўи намудҳои футбол, волейбол, варзнбардорӣ, бандкашӣ, давидан ба масофаи 100 метр ва ғайра гузаронида шуд.

Дар спартакиада зиёда аз 140 сарбоз фаъолона иштирок намуда, дар натиҷа ҷои якум насиби Баталиони 1-ум гардида, ҷои дуюмро ротаи Техникаи таъминоти техникии ҷангӣ ва мақоми сеюмро Баталиони 2 –юм ба даст оварданд.

Дар ҷамъбасти спартакиадаи мазкур, ки дар қисми ҳарбии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд, сардори бахши ҷавононва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатаии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва қумондони қисми ҳарбии 3501 полковник Насриддин Умарзода иштирок ва баромад намуданд.

Дар охир ғолибони спартакиада бо ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории спартакиадаи ҳарбӣ-варзишӣ дар қисми ҳарбии 3501