Хабарҳо
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Рамазон табрик намуд - 15.06.2018 07:39
Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ашт - 14.06.2018 09:29
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд - 14.06.2018 09:26

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи энергетикҳо

( 0 Овоз )

Ҳамасола 22 – юми декабр дар кишвари азизамон рӯзи энергетикҳо таҷлил мегардад.  Ба ин муносибат ҳамаи кормандони ин соҳаи муҳимро табрику таҳният менамоям.

Солҳои охир рушду нумӯи соҳаи энергетика дар вилоят хеле афзалият пайдо кардааст. Афзудани тавлидоти нерӯи барқ боис гардид, ки соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқ, аз ҷумла саноат, афзоиш ёбад.

Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Бо назардошти он ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем”.

Дастоварди муҳими имсола-дар фаслҳои тирамоҳу зимистон беҳмаҳдудият таъмин намудани аҳолӣ ва тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо нерӯи барқ қадами қатъӣ ба сӯи истиқлолияти энергетикии мамлакат ба ҳисоб рафта, аз амалӣ гардидани сиёсати бобарори энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Боиси ифтихор аст, ки соли 2017 дар соҳаи энергетикаи вилоят хатҳои баландшиддати 220кВ-и “Суғд-500-Қайроққум” ва “Айнӣ-Панҷакент” мавриди истифода қарор гирифта, таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум ва зеристгоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент бомаром идома дорад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки лоиҳаҳое, ки дар соҳаи энергетикаи вилоят амалӣ шуда истодаанд, рушди бемайлони соҳаҳои хоҷагии халқро таъмин менамоянд.

Аз ин лиҳоз, бо боварӣ метавон зикр намуд, ки татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат аз Шумо, кормандони соҳа, вобастагии калон дорад.

Дар ин радиф, ба Шумо, энергетикҳои вилоят, барору комёбӣ ва дастовардҳои фараҳбахши меҳнатиро таманно менамоям.

Иди касбӣ муборак, дӯстони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи энергетикҳо