Хабарҳо
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55

Мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони мактабҳои шаҳри Истиқлол

( 0 Овоз )

Роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони мактабҳои шаҳри Истиқлол мулоқот оростанд.

Дар ин мулоқот, ки бо ҳузури муовини якуми раиси шаҳр Аминҷон Шарифзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Олимҷон Мирмуҳаммедов доир шуд, наздик 500 нафар хонандагони макотиби шаҳри Истиқлол иштирок доштанд.

Зимни суҳбат бо хонандагони синфҳои болоии мактабҳои шаҳри Истиқлол Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибуллоҳ, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Мӯъмин Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Камолиддин Ғозиев, ноибректори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба таълими Донишкадаи политехнкиии ДТТ, Ҳомидҷон Ҳошимов, муовини директори Донишкадаи иқтисод ва савдо, инчунин роҳбарони Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз доир ба имконият ва шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ маълумот дода, аз хатмкунандагон даъват ба амал оварданд, ки баъди хатми мактаби миёна таҳсилро идома диҳанд ва пас аз соҳибтахассус шудан ба халқи худ хизмат намоянд.

Дар фарҷоми мулоқот хатмкунандагон  перомуни масъалаҳои гуногун, аз ҷумла дохилшавӣ ба донишгоҳҳо, имтиёзҳои мавҷуда барои ҷойгиршавӣ дар хобгоҳҳо ва забономӯзӣ ба роҳбарони муассисаҳои олӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони мактабҳо дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷараён дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони мактабҳои шаҳри Истиқлол