Хабарҳо
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55

«Пешвои миллат – падари маҳбуб ва ғамхори ятимон»-ҳамоиш дар Суғд

( 0 Овоз )

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар  «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Раиси вилоят  Абдураҳмон Қодирӣ  таҳти сарпарастии Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зери  унвони «Пешвои миллат–падари маҳбуб ва ғамхори ятимон»  ҳамоиш баргузор гардид. Мақсади ҳамоиши мазкур дар арафаи ҷашни   Соли нави мелодӣ табрик намудан ва расонидани кумаки моддӣ ба  ятимон, кӯдакон ва наврасон аз оилаҳои камбизоати шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд буд.

Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд хабар дода, зикр карданд, ки  тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пайваста таъкид мекунанд,  дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон яке аз фазилатҳои хуби инсонии миллати куҳанбунёди тоҷик аст.

Дар ҳамоиш сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзодава зиёда аз 600 нафар донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбӣ иштирок доштанд.  Олимҷон Зоҳидзода ҷавононро  даъват кард, ки анҷом додани амали нек -дасти ятимону ниёмандон гирифтан, бо рафтору муомилаи хуш  шод гардонидани хотири онҳоро, ки  беҳтарин амали хайру савоб аст, биомӯзанд ва   намунаи ибрати дигарон бошанд.

Сипас, барпокунандагони ҳамоиш иштирокдоронро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, ба хотири болидарӯҳӣ барномаи рангини фарҳангиро пешниҳоди онҳо  намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд туҳфаҳо ва маблағҳои пулӣ ба ятимон, кӯдакон ва наврасон аз оилаҳои камбизоати шаҳру ноҳияҳои  вилояти  Суғд  тақдим  гардид.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар ҷаҳон Рўзи байналмилалии кумак ба камбизоатон таҷлил мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Пешвои миллат – падари маҳбуб ва ғамхори ятимон»-ҳамоиш дар Суғд