Хабарҳо
ХИЁНАТКОР – ҲОМИИ ҶИНОЯТКОР. Ва ё андешаҳои Сархатиби вилояти Суғд дар мавриди фитнаангезиҳои ТЭТ ҲНИ - 15.12.2018 13:34
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Зас - 14.12.2018 19:13
Матлубахон Сатториён Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб карда шуд - 15.12.2018 14:11
Тақдими автомашинаҳои сабукрав ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 15.12.2018 14:08
Баргузории маҳфили адабӣ бахшида ба 40 солагии фаъолияти профессор Матлубаи Мирзоюнус - 14.12.2018 16:16
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо донишҷӯён мулоқот орост - 14.12.2018 14:11
Аз Паём то Паём. Дар вилояти Суғд 48 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд - 14.12.2018 13:38
Шуруъ аз 15 декабр барномаҳои солинавӣ пешниҳоди омма гардонида мешавад - 14.12.2018 13:35
Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи «Guangzou Judo Masters 2018» Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад - 14.12.2018 13:02
ПАЁМИ ТАБРИКИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронсҳои илмии байналмилалӣ ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ - 14.12.2018 13:00

Ғолибони олимпиадаҳо бо хонандагони мактабҳои Исфара мулоқот карданд

( 0 Овоз )

Ғолибони олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои фаннӣ бо  хонандагони мактабҳои Исфара мулоқот доир карданд.

Зимни мулоқот роҳбарияти мактаби хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд аз дастовардҳои хонандагони мактаби худ ёдовар шуда, вобаста ба роҳҳои босамари омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ибрози назар карданд.

Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ Шаҳром Илҳомзода ва Абдуллоҷон Хайруллоев аз ғолибияти хеш дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сухан гуфта, бо баробари арзи миннатдорӣ барои кумак ба ниҳодҳои давлативу устодон ҳамсолони худро ба азхудсозии илму фан, техникаву технологияи муосир ва забонҳо даъват карданд.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода дар навбати худ аз таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ёдоварӣ намуда, бо баробари таҳлили натиҷаҳои фаъолияти 3 соли охири муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Исфара дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибони олимпиадаҳо бо хонандагони мактабҳои Исфара мулоқот карданд