Хабарҳо
Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом - 13.12.2018 14:26
Н О Г У Ф Т А Ҳ О ё дар интизори аломати нуқта - 13.12.2018 23:27
Шикасти Берлин: оё роҳбарони ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони онҳо аз гирдиҳамоии нокоми худ дар Берлин сабақҳои зарурӣ мегиранд? - 13.12.2018 23:26
Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид - 13.12.2018 11:14
Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин гардид - 13.12.2018 09:48
Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом - 13.12.2018 14:26
ЯҲУДИЁН ВА НАСРОНИЁН ДАР ОИНАИ КАҶИ ТЭТ ҲНИ. - 13.12.2018 14:07
БА ЗОНУ ЗАНЕДУ ТАВБА КУНЕД! 10 ШАРТИ “ФАБРИКАИ ҶАВОБ” БА ҲНИТ - 13.12.2018 13:55
Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ муовини раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид - 13.12.2018 11:26
Ашуралӣ Ҷалилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон таъин гардид - 13.12.2018 11:14

Исфара. Бахшида ба соли нави мелодӣ барои сарбозону афсарон дастархони идона ороста шуд

( 0 Овоз )

Дар қисми низомии 2199-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Исфара бо ширкати намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода ва роҳбарияти шаҳр ба ифтихори фарорасии соли нави мелодии 2018 чорабинии идона доир гардид.

Зимни суҳбат бо афсарону сарбозон намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ зикр намуданд, ки маҳз бо талошу кӯшишҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи дунё баландмақому соҳибмартаба гардид. Бахусус, дар ибтидои соли 2017 аз ҷониби ташкилоти бонуфузи ҷаҳонии СММ пазируфта шудани иқдоми навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори дигар аз нуфузи давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ дарак дод.

Эълон гардидани Соли ҷавонон баёнгари он аст, ки Тоҷикистон имрӯз ба нерӯи зеҳнии ҷавонони босавод, боинтизом, бомаърифат, масъулиятшинос ва фаъол такя мекунад, зеро асоси мустаҳкамии давлату миллат ба сатҳи масъулияти ватандориии ҷавонон вобастагии қавӣ дорад.

Барои сарбозону афсарон дастархони идона ороста шуда, барномаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Исфара. Бахшида ба соли нави мелодӣ барои сарбозону афсарон дастархони идона ороста шуд