Хабарҳо
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55

Ғолибони озмуни беҳтарин барнома ё гузориши телевизионӣ, ролики иҷтимоӣ ва маводи чопӣ дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” муайян шуданд

( 0 Овоз )

Чанде қабл шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дафтари матбуоти раиси шаҳр бо мақсади иҷрои нақша – чорабинии Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023 байни рӯзноманигорон озмуни беҳтарин барнома ё гузориши телевизионӣ, ролики иҷтимоӣ ва маводи чопӣ дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” – ро эълон намуда буд.

Субҳи имрӯз номи ғолибони озмуни мазкур эълон гардида, аз ҷониби роҳбарияти шаҳр ба ғолибон диплому туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд дар номиннатсияи «Беҳтарин мақолаи матбуотӣ ва ё сомона” ҷойи аввалро Абдусабури Абдуваҳҳоб, ҷойи дуюмро Сурайё Ҳакимова ва ҷойи сеюмро Мавзуна Ваҳҳобова ба даст оварданд. Дар номиннатсияи  “Гузориш ва ё лавҳаи телевизионӣ» ҷойи аввалро Муҳаббат Муродова, ҷойи дуюмро Сино Ғафурӣ ва ҷойи сеюмро Ҷовид Ниёзӣ соҳиб шуданд. Дар номиннатсияи “Ролики иҷтимоӣ» Зокирҷон Холов, Мастона Муҳиддилозода ва Мастонаи Мӯъминҷон ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибони озмуни беҳтарин барнома ё гузориши телевизионӣ, ролики иҷтимоӣ ва маводи чопӣ дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” муайян шуданд