Хабарҳо
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 25.06.2018 15:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сокинони Шаҳристонро даъват намуданд, ки дӯстию ҳамкориро бо Ӯзбекистон густариш бахшанд - 25.06.2018 15:07
Маросими ифтитоҳи Меҳмонхонаи замонавии “Киропол” дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истаравшан - 25.06.2018 09:28
Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории 16 — ошёнаи «Роҳи абрешим» дар шаҳри Истаравшан - 25.06.2018 08:43
Ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии «Фаровон» дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан - 25.06.2018 08:30
Муроҷиати иттиҳоди точикони Қазокистон ба кишварҳо ва сохторҳои Аврупо роҷеъ ба мусоҳибаи раиси ҳизби террористии наҳзати ислом - 25.06.2018 08:48
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан - 25.06.2018 08:19
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Нишони давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан - 25.06.2018 08:18
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд - 25.06.2018 07:01
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шаҳристон - 24.06.2018 13:00

Мулоқоти ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони мактабҳои шаҳри Конибодом

( 0 Овоз )

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом мулоқоти ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони макотиби шаҳр баргузор гашт.

Дар мулоқот сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода, роҳбарияти литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ва ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Зимни мулоқот директори литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Тоҳир Рӯзибоев аз дастовардҳои хонандагони литсей ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки иштирок ва ғолибият ба даст овардани хонандагони мактабҳои мамлакат дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ин нишондиҳандаи мақоми давлати Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳонӣ буда, боиси шинохта шудани кишвар байни дигар мамолики ҷаҳон хоҳад гашт. Мавсуф ҳамчунин ҷиҳати омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ якчанд пешниҳодҳои худро иброз дошт.

Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ Шаҳром Имомзода ва Абдуллоҷон Хайруллоев аз ғолибияти хеш дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сухан гуфта, ҳамсолони худро ба аз худ кардани техникаву технологияи муосир ва забономӯзӣ даъват карданд.

Ёдовар бояд шуд, ки мулоқоти ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ташаббуси роҳбарияти вилоят ташкил гардида, ҳадаф аз он афзун намудани сафи иштирокчиёни олимпиадаҳои байналмилалӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони мактабҳои шаҳри Конибодом