Хабарҳо
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванд - 08.12.2018 23:32
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 23:25
Писарандари дурӯғгӯён - Муҳаммадиқболи Садриддин (Ҷавоб ва даъвати Баҳодур Саидов ба М.Садриддин: Тарс бузургтарин гуноҳ аст) - 08.12.2018 15:32
АНГАЛИ НАҲЗАТӢ ЧУН РЕШАИ САРАТОН ДАР БАДАНАИ МИЛЛАТ - 08.12.2018 15:23
Мардуми огоҳ ба ҷамъомади ҷинояткорон намепайванданд - 08.12.2018 07:37
Ҳамхонии персонажҳои ТТЭ ҲНИ дар фолклори точик - 08.12.2018 07:35
Тазоҳуроти навбатӣ дар қолаби сенарияи наҳзатӣ - 08.12.2018 07:33
Ҷамъомади ҷинояткорони наҳзатӣ дар Берлин - 08.12.2018 07:32
Интиқоди раҳбари наҳзатӣ дар матолиби ахири Додоҷони Атовулло - 08.12.2018 07:30

Мулоқоти роҳбарони муасиссаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони мактабҳои ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )

Дар қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен мулоқоти роҳбарони муасиссаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони мактабҳои ноҳия баргузор гардид.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии вилояти Суғд Олимҷон Муҳаммедов зимни суханронии хеш таъкид дошт, ки теъдоди довталабон аз ноҳияи Спитамен ҷиҳати дохил шудан ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят сол ба сол зиёд мегардад. Агар соли таҳсили 2015-2016 ба мактабҳои олии вилоят 376 нафар хатмкунандагони ноҳия дохил шуда бошанд, пас имсол ин рақам ба 776 нафар мерасад.

Зимни мулоқот Ҷамшед Ҷӯразода, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,Мумин Шарифзода, ректори ДДҲБСТ,Мухтор Фозилзода, ректори ДКМТ, Рауф Олимӣ, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДТТ, Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба тарбияи Донишкадаи политехникии ДТТ доир ба шароит ва имкониятҳои фароҳамшуда дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ маълумот доданд.

Дар рафти муаррифии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус ба хатмкунандагон маводҳои ёрирасони иттилоотӣ дастрас карда шуда, ҳамзамон аз ҳаёти муассисаҳо видеороликҳо намоиш дода шуд.

Сипас, хамткунандагон доир ба вазъи таҳсил, имкониятҳои донишгоҳҳо ва ҳамкориҳои хориҷӣ ба роҳбарони муассисҳои олии вилоят саволҳо пешниҳод намуда, посух гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти роҳбарони муасиссаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони мактабҳои ноҳияи Спитамен