Хабарҳо
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55

Баррасии рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”

( 1 Овоз )

Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо баргузории як ҷаласа чорабинии “16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ”-ро ҷамъбаст намуд.

Дар ин ҷаласа, ки дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор шуд, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, масъулони соҳаи маориф, комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо, сархатибон, фаъолзанон, раисони Шӯрои занон ва духтарони шаҳру навоҳии вилоят, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар ҷаласа рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 ва пешниҳоди Cуди вилоят бобати бекор кардани ақди никоҳ аз ҷониби масъулин мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” Прокурори калони шуъбаи назорати умумии Прокуратураи вилоят Саидҷамол Ҷалолзода суханронӣ намуд. Баъдан, роҷеъ ба пешниҳоди Cуди вилоят аз рӯи натиҷаи  ҷамъбасти таҷрибаи баррасии парвандаҳои оилавӣ вобаста ба бекор кардани ақди никоҳ, судяи Суди вилоят Фирӯза Аҳмадзода суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, доир ба масъалаҳои зикршуда мудири шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд Ҳошимзода Муқаддама, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Ғаффорова Умеда, мудири бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ҳомидова Муҳаббат, равоншинос Раҳимова Муҳаррама, сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят Сарҳадов Бахтиёр, имомхатиби масҷиди Тезгузари шаҳри Конибодом Нуруллохон Ҳидоятов изҳори андеша намуданд.

Дар охир, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Нигора Ғаффорзода аз масъулин даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 корбарӣ ҷоннок карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баррасии рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”