Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

Хуҷанд. Дар остонаи соли нави мелодӣ сарбозон аёдат карда шуданд

( 0 Овоз )

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи соли нави мелодӣ аз тарафи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарбозони як қатор қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр аёдат карда шуданд.

Аз ҷумла, дар қисми низомии 3501 РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ин мақсад ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Носирхон Акмолов, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд назди аскарону афсарони қисми низомӣ суханронӣ намуд ва аз хизмати онҳо дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ёдоварӣ кард. Номбурда ҳамзамон табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба ҳайати қисми низомӣ расонд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода низ ҳозиринро бо фарорасии соли нави мелодӣ таҳният гуфт.

Полковник Насриддин Умарзода, қумондони қисми ҳарбии 3501 миннатдории ҳайати қисми низомиро ба роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд расонида, аз таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ арзи сипос намуд.

Сипас ба сарбозони қисми ҳарбӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Худи ҳамон рӯз ба аскарон ва афсарони қисми ҳарбӣ дастархони идона густурда шуд ва аҳли фарҳанги шаҳр бо сурудҳои ватандӯстона табъи эшонро болида намуданд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомот иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз дигар қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр боздид ба амал оварда шуда, онҳо айёдат гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Дар остонаи соли нави мелодӣ сарбозон аёдат карда шуданд