Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

Зариф Мирдадо ба 50 донишҷӯ 5 000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим намуд

( 0 Овоз )

Рӯзи 13 декабр дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят мулоқоти раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо донишҷӯён баргузор гашт.

Дар мулоқот Зариф Мирдадо донишҷӯёнро ба соли нави мелодӣ таҳният гуфта, ба онҳо саодати зиндагиро таманно кард ва аз ҳар яки онҳо даъват ба амал овард, ки хуб таҳсил намуда, муттахассиси кордон шаванд.

Зимни суҳбат иттилоъ дода шуд, ки дар макотиби олии вилоят 4 ҳазору 525 нафар, дар шаҳри Душанбе зиёда аз 733 нафар ва дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар 92 нафар ҷавонони ноҳияи Ашт таҳсил менамоянд.

Дар анҷоми мулоқот ба 50 нафар донишҷӯ ба миқдори умумии 5 000 сомонӣ кӯмаки молиявии роҳбарияти ноҳияи Ашт супорида шуд. Ҳамзамон ба донишҷӯдухтарони дар хобгоҳ истиқоматкунанда маводи яквақтинаи ғизоӣ тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Зариф Мирдадо ба 50 донишҷӯ 5 000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим намуд