Хабарҳо
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42
Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад - 11.12.2018 09:21
ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН - 11.12.2018 09:15
Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароёнро қабул надорем! » - 11.12.2018 00:49
АЗ НОМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ АВРУПО СУХАН ГУФТАНИ ЯК ТУДАИ ИФРОТГАРОЁНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ! - 11.12.2018 00:47
БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД - 10.12.2018 22:19

Суғд: Ба маблағи 450 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд

( 0 Овоз )

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят давоми ёздаҳ моҳи соли равон ба 1 868,6 млн. доллари ИМА баробар шуд, ки нисбати соли сипарӣ 198,5 млн. доллари ИМА зиёд буда, суръати афзоиш 111,9 фоизро дарбар мегирад. Аз ҷумла, воридот 1 418,6 млн. ва содирот 450 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод,

Дар сохтори воридоту содирот тағйиротҳои мусбат ба назар мерасанд. Аз ҷумла, суръати афзоиши содирот нисбат ба воридот зиёд шуда, мутаносибан 12,1 фоиз ва 11,8 фоизро ташкил намудааст. Нишондиҳандаи мусбати содирот асосан аз ҳисоби содироти маъдан ва консентрат, семент, калобаи пахтагин ва либосворӣ таъмин гардидааст.

Комёбии назаррас дар самти содирот ин ба фурўш баровардани семент ба бозорҳои беруна мебошад. Дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ба миқдори 231,4 ҳазор тонна семент ба маблағи 9,6 млн. доллари ИМА содирот карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2016 мутаносибан 145,8 ҳазор тонна ва 5,5 млн. доллари ИМА зиёд мебошад.

Ҳаҷми содироти маъдан дар ёздаҳ моҳи соли равон ба 348,6 млн. доллари ИМА баробар шуда, дар маҷмуъ 320 ҳазор тонна маъдан ва консентрат ба содирот бароварда шудааст. Ҳиссаи ин намуди маҳсулот дар сохтори содирот 77,5 фоизро ташкил додааст.

Инчунин, дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ба маблағи 9 млн. доллари ИМА маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст. Аз ҷумла, ба маблағи 5 млн. доллари ИМА ба миқдори 24746 тонна хушкмева ва ба маблағи 2,2 млн. доллари ИМА ба миқдори 51790 тонна пиёз ба бозорҳои беруна бароварда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Ба маблағи 450 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд