Хабарҳо
ХИЁНАТКОР – ҲОМИИ ҶИНОЯТКОР. Ва ё андешаҳои Сархатиби вилояти Суғд дар мавриди фитнаангезиҳои ТЭТ ҲНИ - 15.12.2018 13:34
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Зас - 14.12.2018 19:13
Матлубахон Сатториён Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб карда шуд - 15.12.2018 14:11
Тақдими автомашинаҳои сабукрав ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 15.12.2018 14:08
Баргузории маҳфили адабӣ бахшида ба 40 солагии фаъолияти профессор Матлубаи Мирзоюнус - 14.12.2018 16:16
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо донишҷӯён мулоқот орост - 14.12.2018 14:11
Аз Паём то Паём. Дар вилояти Суғд 48 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд - 14.12.2018 13:38
Шуруъ аз 15 декабр барномаҳои солинавӣ пешниҳоди омма гардонида мешавад - 14.12.2018 13:35
Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи «Guangzou Judo Masters 2018» Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад - 14.12.2018 13:02
ПАЁМИ ТАБРИКИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронсҳои илмии байналмилалӣ ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ - 14.12.2018 13:00

Ба донишҷӯёни фаъолу аълохон ва ихтироъкор беш аз 20 ҳазор сомонӣ тақдим шуд

( 0 Овоз )

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоти раисони шаҳру ноҳияҳо бо донишҷӯён идома дорад.

Дирӯз дар толори Муассисаи давлатии «Кохи Суғдиён» мулоқоти ошкоро ва самимии раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо донишҷӯёни муассисаҳои олии маркази вилоят, ки аз шаҳри Хуҷанд таҳсил менамоянд, сурат гирифт.

Вохӯриро Олимҷон Мирмуҳаммедов, сармутахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд оғоз намуда, таъкид дошт, ки нишасти мазкур дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сурат мегирад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни суҳбат бо донишҷӯён қайд кард, ки «Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сӯи пешрафтҳои навин қадамҳои босубот мегузорад ва дар раванди ҷаҳонишавӣ масъалаҳои марбут ба рӯзгори ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карда, қайд намуданд: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».

Бо таъбири Маъруф Муҳаммадзода ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ ба 80 ҳазору 900 нафар расид. Аз ҷумла, 75 нафар олимони ҷавон ва 30 нафар ихтироъкорони ҷавон дар донишгоҳҳои олӣ фаъолият бурда, саҳми арзандаи худро дар пешрафти ҷомеа мегузоранд.

Бояд таъкид намуд, ки бо иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти шаҳр ва бахшида ба эълон гардидани Соли ҷавонон байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёну олимони ҷавони донишгоҳҳо озмуни “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр” гузаронида шуда буд. Ва ҳамин тавр байни хонандагони таҳсилоти миёнаи шаҳр Меъроҷ Маҳмудов ҷойи аввал, Азиза Муродова ҷойи дуюм ва Ҳотамҷон Ҳотамов мақоми сеюмро соҳиб гардиданд.

Донишҷӯён ва олимони ҷавони беҳтарин низ муайян гардиданд ва Парвиз Солиев бо лоиҳаи «Системаи иттилоотии идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ» мақоми аввал, Бурҳониддин Шерматов бо ихтироъи «Усули нави мубориза бар зидди заргинаки сиёҳ» ҷойи дуюм ва Маъруфҷон Ёров бо лоиҳаи «Автоматикунонии муассисаҳои табобатӣ» ба зинаи сеюм соҳиб шуданд.

Дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ғолибони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 750 сомонӣ то 2000 сомонӣ ва донишҷӯёну устодони ҷавон аз 1000 сомонӣ то 3000 сомонӣ маблағҳои пулӣ дода шуд. Ҳамчунин ба ғолибон сипоснома ва шаҳоданомаи озмун низ тақдим гардид.

Ҳамзамон ба 125 нафар донишҷӯёни фаъолу аълохон, ятиму камбизоат 150 сомонӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба донишҷӯёни фаъолу аълохон ва ихтироъкор беш аз 20 ҳазор сомонӣ тақдим шуд