Хабарҳо
ХИЁНАТКОР – ҲОМИИ ҶИНОЯТКОР. Ва ё андешаҳои Сархатиби вилояти Суғд дар мавриди фитнаангезиҳои ТЭТ ҲНИ - 15.12.2018 13:34
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Зас - 14.12.2018 19:13
Матлубахон Сатториён Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб карда шуд - 15.12.2018 14:11
Тақдими автомашинаҳои сабукрав ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 15.12.2018 14:08
Баргузории маҳфили адабӣ бахшида ба 40 солагии фаъолияти профессор Матлубаи Мирзоюнус - 14.12.2018 16:16
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо донишҷӯён мулоқот орост - 14.12.2018 14:11
Аз Паём то Паём. Дар вилояти Суғд 48 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд - 14.12.2018 13:38
Шуруъ аз 15 декабр барномаҳои солинавӣ пешниҳоди омма гардонида мешавад - 14.12.2018 13:35
Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи «Guangzou Judo Masters 2018» Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад - 14.12.2018 13:02
ПАЁМИ ТАБРИКИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронсҳои илмии байналмилалӣ ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ - 14.12.2018 13:00

Дар шаҳри Хуҷанд арчаи солинавӣ қомат афрохт

( 0 Овоз )

Дар маркази шаҳри Хуҷанд, рӯбарӯйи маркази савдои «Авасто» арчаи солинавӣ қомат афрохт, ки 18 метр баландӣ доранд. Шуруъ аз 15 декабри соли 2017 дар ин мавзеъ чорабиниҳои фарҳангии солинавӣ оғоз мегардад.

Дар чорабиниҳои солинавӣ хонандагони мактаб ва литсейҳо, донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, Коллеҷи тиббии ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, Донишкадаи политехнкии ДТТ ба номи Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии худро пешниҳоди сокинон менамоянд.

Дар назар аст, ки муассисаҳои фарҳангии шаҳр, аз ҷумла театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ”, театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров, муасссиаи давлатии «Кохи фарҳанги Суғдиён», ансамбли фолклории «Фалак», ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд», театри давлатии лӯхтаки вилояти Суғд  низ барномаҳои солинавии хешро ба намоиш гузоранд.

Ҳамчунин дар назди майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол» низ арчаи солинавӣ қомат афрохта, дар ин мавзеъҳо ҳам ташкили силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар шаҳри Хуҷанд арчаи солинавӣ қомат афрохт