Хабарҳо
Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ оғоз ёфт - 21.06.2018 14:40
Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Гулистон - 21.06.2018 11:47
Озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» гузаронида мешавад - 21.06.2018 08:53
Ғолибияти хонандагони вилояти Суғд дар озмуни «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ» - 21.06.2018 08:41
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 20.06.2018 16:48
Дар Истаравшан корхонаи коркарди шир ба истифода дода шуд - 20.06.2018 16:45
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” - 20.06.2018 13:16
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - 20.06.2018 13:13
Маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку - 20.06.2018 08:52
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид - 20.06.2018 08:51

Мулоқоти толибилмони литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо муҳассилини макотиби миёна

( 1 Овоз )

Дар Мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд дар заминаи супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ мулоқоти нахустини толибилмону омӯзгорони литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо муҳассилини пешқадами макотиби миёнаи шаҳр баргузор гардид.

Раъно Ҳошимзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд вохӯриро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки ҳадаф аз ташкили ин мулоқот баҳрабардорӣ аз таҷрибаи литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар озмунҳои байналмилалӣ ва ба ин васила бештар намудани шумораи ғолибони олимпиадаҳои байналхалқӣ аз шаҳри Хуҷанд  мебошад.

Зимни вохӯрӣ хонандагон ва устодони литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар бораи дастовардҳо, раванди омодашавӣ ва иштирок дар олимпадаҳои байналхалқӣ фикру андешаҳои худро баён доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар соли хониши 20126-2017 дастпарварони литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналхалқӣ, минтақавӣ, фосилавӣ ва варзишӣ 65 медалро ба даст оварданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти толибилмони литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо муҳассилини макотиби миёна