Хабарҳо
Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ оғоз ёфт - 21.06.2018 14:40
Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Гулистон - 21.06.2018 11:47
Озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» гузаронида мешавад - 21.06.2018 08:53
Ғолибияти хонандагони вилояти Суғд дар озмуни «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ» - 21.06.2018 08:41
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 20.06.2018 16:48
Дар Истаравшан корхонаи коркарди шир ба истифода дода шуд - 20.06.2018 16:45
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” - 20.06.2018 13:16
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - 20.06.2018 13:13
Маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку - 20.06.2018 08:52
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид - 20.06.2018 08:51

Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум 26 декабр баргузор мешавад

( 0 Овоз )

26 декабри соли 2017, соати 9-00 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад.

Ба баррасии иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум масъалаҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

-дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии “Деҳмой” №58;

-ҳисоботи Раиси вилояти Суғд дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2017;

-дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети вилоятӣ барои соли 2017;

-дар бораи қабули буҷети вилояти Суғд барои соли 2018;

-ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Шаҳрак”, №9 Олимов Зафар Мирзоевич оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ;

-дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум;

-дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Ғафурҷон Ортиқов”, №20;

-дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилоят;

-дар бораи ташкили комиссияи вилоятии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум;

-дар бораи таъсис додани комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят;

-оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;

-тасдиқи қарорҳои Раиси вилояти Суғд. 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум 26 декабр баргузор мешавад