Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

Раиси шаҳри Исфара ба 45 донишҷӯ кумакпулӣ тақдим кард

( 0 Овоз )

Дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят мулоқоти раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо донишҷӯён баргузор шуд.

Зимни суҳбат бо донишҷӯён шаҳрдори Исфара нахуст аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар самти таъмини шароити зарурӣ ба таҳсилу касбомӯзии ҷавонон ёдовар гардид. Расулзода Дилшод Ҷабборӣ таъкид намуд, ки дар замони ҷаҳонишавии босуръат ҷавонон бояд дарк намоянд, ки тақдири минбаъдаи давлату халқи Тоҷикистон дар дасти онҳост ва масъулияти минбаъдаи таъмини амнияту субот, рушду инкишоф ва муаррифии Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ бар дӯши онҳо вогузор хоҳад шуд.

Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ҳамзамон изҳор дошт, ки барои ҳар як ҷавони бонангу ор ҷонбозиву фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии шинохти Ватану ватандорӣ мебошад.

Дар идомаи мулоқот донишҷӯён ба раиси шаҳр вобаста ба паҳлуҳои мухталифи зиндагиву таҳсилашон суолу дархостҳояшонро пешниҳод намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳоло дар мактабҳои олӣ, касбиву техникӣ ва коллеҷҳои маркази вилоят 1284 нафар ҷавонони Исфара таҳсил менамоянд.

Дар ҷараёни мулоқот ба 45 нафар донишҷӯёни аълохон, ятим ва аз оилаҳои камбизоат кумакҳои пулӣ ва ба 45 донишҷӯи дар хобгоҳ иқоматдошта маводи хӯрока тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раиси шаҳри Исфара ба 45 донишҷӯ кумакпулӣ тақдим кард