Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

СУҒД: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиард доллари ИМА баробар шуд

( 0 Овоз )

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 11 моҳи соли 2017 ба 9 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки бо нархҳои амалкунанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 миллиард сомонӣ ё 1,5 маротиба зиёд аст.

Тибқи иттилои Озифхон Шарифзода, мудири шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд суръати рушди саноати вилоят бо нархҳои амалкунанда ба 131,7 фоиз баробар гардидааст. Танҳо дар моҳи ноябри соли равон корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи 1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд ва ин нишондиҳанда нисбат ба моҳи ноябри соли гузашта 295 миллион сомонӣ ё 1,4 маротиба зиёд аст.

-Ҳамин тариқ, дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷиҳати ба 1 миллиард доллари ИМА расонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ пеш аз муҳлат иҷро карда шуд, - таъкид намуд Озифхон Шарифзода.

Хотиррасон бояд кард, ки моҳи январи соли равон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни нишастӣ матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода буд, ки бо истифода аз иқтидорҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2017 то ба 1 миллиард доллари ИМА расонида мешавад.

Дар вилояти Суғд наздик 600 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад. Танҳо дар соли ҷорӣ 83 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд, ки дар онҳо 1463 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд СУҒД: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиард доллари ИМА баробар шуд