Хабарҳо
Дирӯз дар маҷлиси фаъолони ВМКБ фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъминоти амният натиҷагирӣ карда шуд - 17.10.2018 09:33
Дар ноҳияи Ашт беш аз 35 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир карда шуд - 17.10.2018 09:20
Спитамен. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифт - 17.10.2018 09:02
Конибодом. Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 109 фоиз таъмин шуд - 17.10.2018 08:51
Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби наҳзат аз «ДОИШ» ва «Ал-қойида» кам нест» - 16.10.2018 22:33
Ифтитоҳи бинои таълимӣ дар қисми низомии 02267-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16.10.2018 16:07
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Хуҷанд ба 844,1 млн. сомонӣ баробар шуд - 16.10.2018 14:58
Боздиди донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” - 16.10.2018 08:41
Яксўябинӣ дар таҳқиқи Бардия Раҳмонӣ - 16.10.2018 06:04
«Маданият ва қадрият»-и Абдуллозода ифротгароист - 16.10.2018 06:02

Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот мекунанд

( 0 Овоз )

Давоми моҳи декабр хонандагон - ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқотҳо баргузор мекунанд.

Ҷадвали вохӯрии ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасдиқ гардид. Тибқи ҷадвали мазкур вохӯриҳо аз 11 то 26 декабр дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят доир мешавад. Зимни вохӯриҳо ғолибони олимпиадаҳо ҳамсолони хешро аз дастовардҳояшон огоҳ намуда, онҳоро барои иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ раҳнамоӣ хоҳанд кард.

Маврид ба зикр аст, ки бо иқдоми роҳбарияти вилоят имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳо мулоқоти роҳбарони мактабҳои олии вилоят бо хатмкунандагон доир гардида истодааст. Дар идомаи ин тадбир раисони шаҳру навоҳӣ ҳам дар маркази вилоят бо донишҷӯёни минтақаи худ мулоқотҳо доир намуда истодаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот мекунанд