Хабарҳо
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавонон - 23.05.2018 16:58
Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард - 23.05.2018 09:36
Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд - 23.05.2018 09:33
Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт - 23.05.2018 09:31
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Бӯстон - 23.05.2018 08:51
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32

Шаҳрдори Гулистон: Барои мо мутахассисони соҳибтахассус, заҳматписанд ва кордон хеле заруранд

( 0 Овоз )

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳо бо донишҷӯён оғоз ёфт.

Чунин як мулоқот дар толори Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и маркази вилоят доир шуд. Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо донишҷӯёни гулистоние, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд таълим мегиранд, суҳбат орост. Мулоқотро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ҳусни ифтитоҳ бахшид ва сипас Матлубахон Амонзода роҷеъ ба дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаи маориф иттилоъ дод. Ӯ зикр намуд, ки «тамоюли рушди саноат дар шаҳр пеш меравад ва эҳтиёҷ нисбат ба қувваи корӣ дар шаҳр сол то сол меафзояд. Барои мо мутахассисони соҳибтахассус, заҳматписанд ва кордон хеле заруранд ва мо ҷалби мутахассисони ҷавонро ба соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр яке аз самтҳои асосии фаъолияти хеш ққарор додаем».

Сипас раиси шаҳр ба беш аз 70 нафар донишҷӯёни аълохон, фаъол ва аз оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмакпулии яквақта супорид.

Дар охир миёни донишҷӯён ва шаҳрдори Гулистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Шаҳрдори Гулистон: Барои мо мутахассисони соҳибтахассус, заҳматписанд ва кордон хеле заруранд