Хабарҳо
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавонон - 23.05.2018 16:58
Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард - 23.05.2018 09:36
Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд - 23.05.2018 09:33
Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт - 23.05.2018 09:31
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Бӯстон - 23.05.2018 08:51
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32

Китобдори китобхонаи шаҳри Панҷакент ғолиби озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавӣ” гардид

( 0 Овоз )

Китобдори китобхона-филиали №23 шаҳри Панҷакент Расулова Мақсуда барои ороишу тазйини ба талабот ҷавобгӯи муҳити корӣ, дар сатҳи баланди касбӣ роҳандозӣ намудани хизматрасонӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои соҳавӣ ғолиби озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавӣ” дониста шуд. Ба ғолиби озмун дар вазъияти тантанавӣ туҳфа -“Принтер” ва Ифтихорномаи Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тақдим гардид.

Тавре аз маъмурияти Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ хабар доданд, дар ин озмун ҳамчунин китобдори китобхонаи марказии шаҳри Конибодом Собирова Гулчеҳра, китобдори китобхона-филиали №1 шаҳри Исфара Пирматова Меҳрӣ, китобдори китобхонаи бачагонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асророва Мавҷуда, китобдори китобхона-филиали №19 ноҳияи Ҷаббор Расулов Убайдуллоева Мунира, китобдори китобхона-филиали№5 ноҳияи Ашт Ашӯрматова Идоятмоҳ, китобдори китобхона-филиали №36 ноҳияи Айнӣ Ҷӯраев Намозбой, китобдори китобхона-филиали №23 ноҳияи Спитамен Дӯсматова Гулчирой, китобдори китобхона-филиали №1 ноҳияи Мастчоҳ Устоева Азизмо барои тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намунавӣ дар озмуни “Китобхонаи намунавӣ” бо ҳадяҳо ва ифтихорномаҳои Раёсати фарҳанги вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки озмуни мазкур ба муносибати 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Китобдори китобхонаи шаҳри Панҷакент ғолиби озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавӣ” гардид