Хабарҳо
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47

Ба ғолиби озмуни «Беҳтарин барномасоз» ноутбук туҳфа карда шуд

( 1 Овоз )

Бо мақсади баланд бардоштани ҳавасмандии ҷавонон барои фаъолияти зеҳнӣ ва дарёфти соҳибистеъдодҳои нав бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бахшида ба Соли ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин барномасоз» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд доир гардид.

Дар озмун 20 нафар омӯзгорони ҷавон, магистрантони соҳибзавқ, навовар ва соҳибҳунар, ки қобилияти ихтироъкорӣ ва сохтани барномаҳои муосиру ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаро доранд, ширкат варзиданд. Дар оғози чорабинӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Олим Зоҳидзода  суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, имрӯз дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд ва таҳкими нерӯи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур намудан душвор аст.

Сипас иштирокчиёни озмун лоиҳаҳои худро пешниҳоди ҳакамон намуданд. Дар натиҷа АбдунабӣҚосимов, омӯзгор аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандбо лоиҳаи «Методика ва комплекси барномаҳо барои муайян кардани муаллифи матни номаълум» сазовори ҷойи аввал гардида, барандаи озмуни «Барномасози беҳтарин» гардид. Ҷои дуюмро  магистранти соли дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров – Азамов Н,А. ва  ҷои сеюмро магистранти курси якумиДонишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон - Кушнерюк А.И. ишғол намуданд.

Ба  ғолибону ҷоизадорони озмун сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Олим Зоҳидзода дар вазъияти тантанавӣ тӯҳфа ва ифтихорномаҳоро супорид. Ба ғолиби озмун Абдунабӣ Қосимов ноутбук туҳфа гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба ғолиби озмуни «Беҳтарин барномасоз» ноутбук туҳфа карда шуд