Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

Мулоқоти муовини Раиси вилоят бо роҳбарияти Агентии федеролии "Россотрудничество" –и Федератсияи Россия

( 0 Овоз )

Имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Агентии федеролии Федератсияи Россия оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ "Россотрудничество" Александр Фроловро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз ҳамкориҳои самараноки шарикони стратегӣ – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ намуда, кушодашавии шуъбаи Маркази илм ва фарҳанги Россия дар вилояти Суғдро далели густариши равобити кишварҳо дар заминаи маорифу фарҳанг арзёбӣ карданд.

Анвар Яъқубӣ дар аснои суҳбат ҳамзамон доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд иттилоъ дода, аз рушди соҳаҳои саноату кишоварзии вилоят ёдоварӣ намуд.

Хотирнишон бояд кард, ки ҳайати калони меҳмонон бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Агентии федеролии Федератсияи Россия оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ "Россотрудничество" Александр Фролов бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи шуъбаи Маркази илм ва фарҳанги Россия ба вилояти Суғд ташриф овардааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти муовини Раиси вилоят бо роҳбарияти Агентии федеролии "Россотрудничество" –и Федератсияи Россия