Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

Дар Хуҷанд шуъбаи Маркази илм ва фарҳанги Россия ифтитоҳ шуд

( 1 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Имрӯз, панҷшанбеи 30 ноябр дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд шуъбаи Маркази илм ва фарҳанги Россия ба фаъолият оғоз намуд.

Дар маросими ифтитоҳи шуъбаи Маркази илм ва фарҳанги Россия муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, консули генералии Россия дар Хуҷанд Валерий Бондаренко, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Агентии федеролии Федератсияи Россия оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ "Россотрудничество" Александр Фролов, намояндагони соҳаҳои фарҳангу маориф ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Тавре зимни ифтитоҳи шуъбаи Маркази илм ва фарҳанги Россия иттилоъ дода шуд, ба фаъолият пардохтани марказ дар доираи созишномаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия сурат гирифта, он ҷиҳати рушди бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои маорифу фарҳанг мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар бояд шуд, ки Агентии федеролии Федератсияи Россия "Россотрудничество" агентии давлатии Россия буда, он бо мақсади густариши робитаҳои илмиву фарҳангӣ бо давлатҳои ИДМ фаъолият мебарад. Чанд сол қабл аз ин Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуда буд ва ҳамакнун шуъбаи он дар шаҳри Хуҷанд низ фаъол гардид.

Дар назар аст, ки бегоҳии имрӯз ба муносибати ифтитоҳи шуъбаи Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Кохи Рӯдакӣ бо иштироки ҳунармандони гурӯҳи “Филармония”-и шаҳри Санкт-Петербурги Федратсияи Россия барномаи фарҳангӣ доир шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Хуҷанд шуъбаи Маркази илм ва фарҳанги Россия ифтитоҳ шуд