Хабарҳо
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Рамазон табрик намуд - 15.06.2018 07:39
Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ашт - 14.06.2018 09:29
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд - 14.06.2018 09:26
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 14.06.2018 09:20
Корхонаву ширкатҳо мутахассисонро интихоб ва ба кор ҷалб намуданд - 13.06.2018 13:49
Баргузории семинари омӯзишӣ доир ба татбиқи «Страгегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» - 13.06.2018 13:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон ашхсои ниёзмандро аёдат намуданд - 13.06.2018 13:39
Раиси вилоят бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷандро аёдат намуд - 13.06.2018 13:37

Хуҷанд. Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии шаҳр баргузор шуд

( 0 Овоз )

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии шаҳр баргузор гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд дар ҷаласа нахуст мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссар Сангинова оид ба ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 сентябри соли 2014, № 577 “Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” дар шаҳри Хуҷанд маълумот дод. Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки “ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2014, №294, қарори Раиси вилоят аз 03.09.2014, № 383 ва қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 сентябри соли 2014, № 577 “Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 дар шаҳри Хуҷанд”, ба тавсиб расид. Оид ба иҷрои қарори мазкур, шӯъбаи кор бо занон ва оила, баҳри танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила барои ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ки ҳадафи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аст, фаъолияти хешро ба роҳ мондааст”.

Муяссар Сангинова афзуд, ки “дар доираи татбиқи нақша – чорабинии “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023” шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр дар ҳамкорӣ бо дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд байни рӯзноманигорон озмун аз рӯйи номиннатсияҳои “Беҳтарин барнома ё гузориши телевизионӣ”, “Беҳтарин ролики иҷтимоӣ” ва “Беҳтарин маводи чопӣ” эълон намуд. Озмун то санаи 10 декабри соли 2017 ҷамъбаст ва ба ғолибон мукофот, диплом ва сипосномаҳои Раиси шаҳр супорида мешавад.

Раиси Шӯрои ҷамъиятии шаҳр, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баррасии масъалаи мазкур ба масъулини дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати иҷрои иҷрои қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз 30 сентябри соли 2014, № 577 “Дар бораи тадбирҳои амалӣ намудани “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои мушаххас андешида шавад ва озмуни эълонгардидаи “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат” шаффоф натиҷабардорӣ карда шавад.

Сипас аз рӯйи масъалаи дуюм мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов доир ба мавзӯи “Дар бораи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи “Соли 2017- Соли ҷавонон” маърӯза намуд.

Мавсуф зикр дошт, ки “Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ ба 80 ҳазору 900 расид, ки аз ин миқдор 36 ҳазору 500 нафари онҳоро духтарон ва 41 ҳазору 400 нафари онҳоро писарон ташкил медиҳанд. Дар шаҳри Хуҷанд барои соҳибмаълумот гардонидани ҷавонон дар шаҳр 4 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 4 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 3 омӯзишгоҳҳои касби техникӣ ва 47 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хизматрасонии таҳсилотиро ба роҳ монда, дар онҳо зиёда аз 48 ҳазор нафар ҷавонони синну соли 14-29 сола таҳсил менамоянд. Ҳамзамон дар шаҳр 10 муассисаҳои варзишии вилоятӣ ва шаҳрӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо барои беш аз 5000 нафар ҷавонону наврасон машғулиятҳои варзишӣ гузаронида мешавад. Инчунин дар шаҳр 4 муассисаҳои фарҳангӣ-таълимӣ фаъолият менамоянд, аз онҳо 2 мактабҳои санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, ки дар он наздик 1500 нафар таълимгирандагон ҷалб гардида, нозукиҳои санъати тоҷик, мусиқи ва рассомиро меомӯзанд.

Зимни баррасии масъалаи мазкур аз ҷониби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ пешниҳодоти мушаххас дар партави эълон гардидани “Соли 2017-Соли ҷавонон” ироа гардид.

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ бо вазифагузориҳои мушаххас ва тарҳрезии нақша-чорабиниҳо анҷом ёфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии шаҳр баргузор шуд