Хабарҳо
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Гулистон ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар шуд - 17.07.2018 09:15
Хуҷанд. 13 меҳмонхона, 60 ёдгории таърихӣ ва боғҳои фароғатӣ дар хизмати сайёҳон қарор доранд - 17.07.2018 08:22
Гулистон. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил дод - 17.07.2018 07:52
Баргузории маҷлиси фаъолон дар шаҳри Бӯстон - 16.07.2018 13:57
Суғд. Ба маблағи 281,4 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуд - 16.07.2018 10:27
Сайди моҳӣ дар нимсолаи аввали соли равон 41 тоннаро ташкил кард - 16.07.2018 10:24
Суғд: Ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд - 16.07.2018 10:22

Ғолибони даври вилоятии озмунҳои «Мураббии соли Тоҷикистон - 2017» ва «Муаллими соли Тоҷикистон - 2017» муайян шуданд

( 0 Овоз )

28 ноябр дар муассисаи ғайридавлатии таълимии «Паймони азизон» даври ниҳоии озмунҳои «Мураббии соли Тоҷикистон- 2017» ва «Муаллими соли Тоҷикистон- 2017» баргузор гардид.

Ҳар ду озмун ба таври кушод, бо иштироки васеи омӯзгорону мураббиён, намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони соҳа, кормандони воситаҳои ахбори омма ҷараён гирифт. Қабл аз оғози озмунҳо сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода дар назди ҳозирин суханронӣ намуд ва ба довталабон барору комёбӣ таманно кард.

Дар даври шаҳриву ноҳиявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон- 2017» 11 нафар ширкат варзида, 5 нафари онҳо дар даври вилоятӣ ширкат варзиданд. Дар натиҷа Меҳрангез Исмоилова соҳиби ҷойи аввал шуд.Зинаҳои баъдиро  Дилрабо Миркалонова, Таҳмина Абдуалиева, Нигинаи Бобомурод ва Муслима Анварова ишғол намуданд.

Дар даври ниҳоии озмуни «Муаллими соли Тоҷикистон- 2017» омӯзгори МТМУ № 14, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раъно Икромова аз рӯи шарти муаррифӣ холи аз ҳама зиёдтар ба даст оварда, ғолиби озмун шуд. Дар ҷамъбасти ҳар ду озмун сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода андешаҳояшро баён дошта,  таманно намуд, ки  намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявӣ низ фаъолона иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври ҷумҳуриявии озмунҳои «Мураббии соли Тоҷикистон- 2016» ва «Муаллими соли Тоҷикистон- 2016» намояндагони вилояти Суғд  Заррина Рӯзиева ва Замира Рустамова ғолиб гардида буданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибони даври вилоятии озмунҳои «Мураббии соли Тоҷикистон - 2017» ва «Муаллими соли Тоҷикистон - 2017» муайян шуданд