Хабарҳо
ХИЁНАТКОР – ҲОМИИ ҶИНОЯТКОР. Ва ё андешаҳои Сархатиби вилояти Суғд дар мавриди фитнаангезиҳои ТЭТ ҲНИ - 15.12.2018 13:34
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус Станислав Зас - 14.12.2018 19:13
Матлубахон Сатториён Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб карда шуд - 15.12.2018 14:11
Тақдими автомашинаҳои сабукрав ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 15.12.2018 14:08
Баргузории маҳфили адабӣ бахшида ба 40 солагии фаъолияти профессор Матлубаи Мирзоюнус - 14.12.2018 16:16
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо донишҷӯён мулоқот орост - 14.12.2018 14:11
Аз Паём то Паём. Дар вилояти Суғд 48 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд - 14.12.2018 13:38
Шуруъ аз 15 декабр барномаҳои солинавӣ пешниҳоди омма гардонида мешавад - 14.12.2018 13:35
Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи «Guangzou Judo Masters 2018» Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад - 14.12.2018 13:02
ПАЁМИ ТАБРИКИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронсҳои илмии байналмилалӣ ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ - 14.12.2018 13:00

Китоби «Дар ситоиши Хуҷанд ва фарзандони бузургаш» дастраси хонандагон шуд

( 0 Овоз )

Китоби нави Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) бо номи «Дар ситоиши Хуҷанд ва фарзандони бузургаш» дар ҳаҷми 500 нусха бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба нашр расид.

Мураттибони китоб дар дебочаи он аз ҷумла навиштаанд, ки «Таърихи зодгоҳи худро донистани ҳар фард ин шинохти худ бошад. Аз худшиносӣ шуруъ мешавад меҳаншиносӣ ва ватандорӣ. «Ватан сар мешавад аз гаҳвора!»- таъкид кардаанд бузургон».

Дар китоб мавзуъҳои ҷолиб аз қабили «Роҳи лоҷувард ва корвони хуҷандиён», «Колмани суғдӣ, яъне хуҷандӣ ё инқилоби вай дар театри Юнон», «Искандари канора», «Ба форсӣ номи некаш «Дилмазанда» ва бузургони дигари ин шаҳр», «Макони илми нуҷум», «Хуҷандиён дар мусофиратҳо хуҷандӣ бимонданд ва бузургтамиз бимонданд», «Чингизиён, Темурмалик ва Хуҷанд», «Парвардаи Хуҷанд-Яъқуббеки бадавлати тоҷик», «Хуҷандие, ки ситораи дурахшони осмони адаб бишуд», «Тирози ҷаҳон», «Хуҷандиён-сарварони зинаҳои олӣ», «Мо ба ақли хуҷандиҳо қоил» ва ғайраҳо дар такя ба сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ навишта шудаанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки нависанда ва драмматург Шераки Ориён муаллифи беш аз 80 китоб ва 40 филм аст, ки навиштаҳояш бо зиёда аз 40 забони олам тарҷумаву чоп гардидааст. Филмҳояш бо ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ қадршиносӣ шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Китоби «Дар ситоиши Хуҷанд ва фарзандони бузургаш» дастраси хонандагон шуд