Хабарҳо
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Рамазон табрик намуд - 15.06.2018 07:39
Мулоқоти Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ашт - 14.06.2018 09:29
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд - 14.06.2018 09:26
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр - 14.06.2018 09:20
Корхонаву ширкатҳо мутахассисонро интихоб ва ба кор ҷалб намуданд - 13.06.2018 13:49
Баргузории семинари омӯзишӣ доир ба татбиқи «Страгегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» - 13.06.2018 13:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон ашхсои ниёзмандро аёдат намуданд - 13.06.2018 13:39
Раиси вилоят бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷандро аёдат намуд - 13.06.2018 13:37

«Мо зидди зӯроварӣ» - баргузории ҳамоиш дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «16 Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ дар оила»

( 0 Овоз )

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «16 Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ дар оила», ки аз санаи 25 ноябр дар миқёси вилоят оғоз гардид, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи шуъбаи кор бо зан ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар боғи фарҳанг ва истироҳатии шаҳр бо ҷалби васеи занону духтарон таҳти унвони «Мо зидди зӯроварӣ» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок намуда, перомуни аҳмияти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 таҳти №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва дигар барномаҳои давлатӣ изҳори андеша намуданд.

Дар ҳамоиш ҳамзамон аз ҷониби ходимони дин ва кормандони соҳаи тандурустӣ дар бораи намудҳои зӯроварӣ, пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва таъсири манфии зӯроварӣ ба саломатии аъзоёни оила маълумот ва дастурҳои муфид дода шуданд.

Аз ҷониби хонандагону донишҷӯён дар васфи зан-модар шеърҳо қироат гардид. Санъаткорони ҷавон доир ба мавзӯъ суруду таронаҳои ҷолиб пешкаш карданд. Инчунин, дар ҷараёни ҳамоиш ба иштирокчиёни чорабинӣ варақаҳои тарғиботӣ дастрас карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Мо зидди зӯроварӣ» - баргузории ҳамоиш дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «16 Рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ дар оила»