Хабарҳо
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55

Дар Хуҷанд китоби наве бо номи «Корномаҳои ҷавонони Тоҷикистон» ба нашр расид

( 0 Овоз )

Китоби нави Ваҳҳоб Набиев, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони  «Корномаҳои ҷавонони Тоҷикистон» тавассути нашриёти “Нури маърифат” ба чоп расид.

Маҷмўа аз мақолаҳои дар даврони солҳои мухталиф ба қалам овардаи муаллиф дар забонҳои тоҷикӣ ва русиву ўзбекӣ иборат буда, дар меҳвари онҳо пеш аз ҳама раванди муваффақонаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар малакат, дастгириву раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ва мусоидат дар пешрафти фаъолиятҳои онҳо, инчунин сайри таърихии мақом ва саҳми ҷавонони тоҷик дар даврони мухталиф қарор гирифтаанд.

Саҳми олимони ҷавон дар рушду нумўи илму маорифи мамлакат, тозаҷўиву тозакориҳои адибони ҷавон низ дар силсилае аз мақолаҳои ин асар бо истифода аз шеваҳои муҳими тадқиқоти илмӣ муқаррар гардиданд. Ҳамзамон, нақши варзишгарони ҷавони тоҷик дар боло бурдани мақоми байналмилалии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ низ дар мақолоте аз ин китоб таҳқиқ шудааст.

Ба таври умум, маҷмўаи мақолаҳои дар ин китоб фароҳамомада корномаҳои шоистаи ҷавонони тоҷикро дар ду давраи муҳими таърихӣ шарҳу тафсир менамоянд. Аз ин рў, месазад, ки ин китобро ҳамчун тўҳфаи арзанда ба Соли ҷавонон арзёбӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Хуҷанд китоби наве бо номи «Корномаҳои ҷавонони Тоҷикистон» ба нашр расид