Хабарҳо
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.09.2018 15:56
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2018 15:59
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03

Раҳпаймоии ҷавонони вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 1 Овоз )

Имрӯз, ҷумъаи 24 ноябр беш аз 7 ҳазор нафар ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳпаймоӣ намуданд.

Раҳпаймоӣ аз назди Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлод” оғоз шуд ва иштирокчиён дар даст Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди баландтарин пояи Парчами давлатии Тоҷикистон, воқеъ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарҷамъ омаданд.

Сипас дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, роҳбарони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, олимону шоирон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воситаҳои ахбори омма ва иштирокчиёни раҳпаймоӣ барномаи фарҳангӣ баргузор шуд. Дар оғози чорабинӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва пасон муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ аз номи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ кулли сокинони вилоятро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, паёми табрикии Раиси вилоятро ба самъи ҳозирин расонид.

Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва шоири соҳибноми тоҷик Озарахш дар васфи Парчам шеърҳои тозаи худро қироат намуданд.

Дар фароварди чорабинии идона барномаи фарҳангӣ пешниҳод шуд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як қатор чорабиниҳои гуногун, аз қабили конфронсҳои илмиву мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои эҷодӣ гузаронида шуд. Бахшида ба ин сана дар идораву ташкилотҳо, корхонаву муассисаҳои давлативу хусусӣ мулоқотҳо доир шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва миёнаи касбӣ дар мавзӯи “Парчами давлатӣ – рамзи ифтихори миллӣ” конференсияҳои илмӣ-амалӣ баргузор шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раҳпаймоии ҷавонони вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон