Хабарҳо
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 15.01.2018 10:45
Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори Панҷшанбе - 14.01.2018 15:00
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 13.01.2018 17:07

«Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» - баргузории чорабинии идона дар Мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )

Дар Мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд, ки чанде қабл бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд, бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» чорабинӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд устодону хонандагони ин муассисаи таълимиро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфтанд ва сипас дар вазъияти тантанавӣ озмунҳои ташкилнамудаи шуъбаи маориф ва бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд натиҷагирӣ карда шуд.

Ба ғолибони озмунҳои «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавон»,  «Иншои беҳтарин дар мавзуъи «Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам», «Мақолаи беҳтарин дар мавзуъи «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат»,  «Ровии беҳтарин», «Китобхонаи беҳтарин» диплому сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» - баргузории чорабинии идона дар Мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд