Хабарҳо
Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ оғоз ёфт - 21.06.2018 14:40
Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Гулистон - 21.06.2018 11:47
Озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» гузаронида мешавад - 21.06.2018 08:53
Ғолибияти хонандагони вилояти Суғд дар озмуни «Наврасон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои инноватсионӣ» - 21.06.2018 08:41
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 20.06.2018 16:48
Дар Истаравшан корхонаи коркарди шир ба истифода дода шуд - 20.06.2018 16:45
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” - 20.06.2018 13:16
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов - 20.06.2018 13:13
Маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку - 20.06.2018 08:52
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид - 20.06.2018 08:51

Иштироки намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда»

( 0 Овоз )

Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагони нақшҳои  таърихӣ, овозхонҳо, навозандагон, раққосон, наттоқон, ровиён ва дигар ҳунармандон, инчунин муҳайё намудани шароити мусоид барои ривоҷу равнақи суннатҳои миллӣ бахшида ба Соли ҷавонон ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академияи опера ва балети ба номи С.Айнӣ-и шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда» баргузор гардид.

Дар озмуни ҷумҳуриявӣ, ки  аз рӯи бахшҳои «Овозхонӣ», «Навозандагӣ», «Хореография», «Наттоқон», «Композитирони наврас», «Санъати тасвирӣ», «Наққошӣ, кандакорӣ, санъати амалӣ», «Ихтироъкорӣ, лоиҳаи иноватсионӣ ва сомонаи интернетӣ» гузаронида шуд, намояндагони вилоят низ иштирок намуданд.

Дастаи вилояти Суғдро ғолибони озмуни вилоятии «Сапеда» Каримов Шавкат аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Қосимов Бойназар аз ноҳияи Ашт намояндагӣ намуда, дар бахши наққошӣ, кандакорӣ, санъати амалӣ маҳорати баланди касбӣ нишон доданд. Онҳо бо тӯҳфа ва дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд. Раёсати маорифи вилояти Суғд низ барои дастгирии ҳамаҷониба бо дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Иштироки намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда»