Хабарҳо
26 сентябр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор мегардад - 19.09.2018 09:48
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 18.09.2018 14:33
Таъиноти кадрӣ - 18.09.2018 14:27
Сокинони Хуҷандшаҳр 23 сентябр Рӯзи шаҳрро таҷлил менамоянд - 18.09.2018 10:02
Баргузории Фестивал-озмуни «Атласу адраси Суғд-2018» дар ноҳияи Спитамен - 18.09.2018 10:01
Нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ва «Рӯзи забони тоҷикӣ» бахшида шуд - 18.09.2018 09:59
Суғд: Дар 8 моҳи соли равон 57 корхонаи нави саноатӣ бо 812 ҷойи корӣ таъсис дода шуд - 18.09.2018 09:57
«Хуҷанд» ба даври ½- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баромад - 17.09.2018 13:03
Лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» пурра татбиқ шуд ва шумораи умумии автобусҳо ба 100 адад расид - 17.09.2018 10:20
Ходимони дин ва намозгузорони шаҳри Бӯстон дар мумфаршкунии роҳҳо саҳм мегузоранд - 17.09.2018 09:55

Ширкати олимони тоҷик дар ҳамоиши Иқболшиносӣ

( 0 Овоз )

Рӯзҳои 6-9 ноябри соли равон ба истиқболи 140 солагии Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар шаҳри Исломободи кишвари Покистон ҳамоиши байналмилалии бузургдошти ин шоир ва мутафаккири барҷаста баргузор гардид, ки дар кори он паҷўҳишгарони бештар аз 20 кишвари олам, аз ҷумла ИМА, Русия, Олмон, Фаронса, Лаҳистон, Украина, Озарбойҷон, Туркманистон, Ҳинд, Туркия, Сомалӣ, Мавритания, Афғонистон ва амсоли ин ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши бонуфузи илмӣ, ки муддати се рўз доир шуд, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдушукури Абдусаттор ва докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Нуралӣ Нурзод намояндагӣ намуданд.  Дар маросими ифтитоҳии ҳамоиш сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов низ дар қатори дигар намояндагиҳои дипломатии фаъол дар ин кишвар ширкат намуд.

Дар ҳамоиши серўза наздик ба 60 маърўзаи илмӣ шунида шуд, ки ҷанбаҳои мухталифи фикриву ҳунарии ашъори Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро фаро гирифтаанд. Дар суханронии олимони тоҷик масъалаҳои иқболшиносӣ дар Тоҷикистон ва нашри осори ў, инчунин инсони комил аз нигоҳи Султон Боҳу, Бедил ва Иқболи Лоҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Ҳамзамон, дар ҳошияи баргузори ҳамоиш барномаи ҳунарии иқболхонӣ, инчунин таҷлили шаби милоди Иқбол ба муносибати рўзи таваллудаш, ки ҳамасола 9 ноябр таҷлил мегардад, доир гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ширкати олимони тоҷик дар ҳамоиши Иқболшиносӣ