Хабарҳо
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42
Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад - 11.12.2018 09:21
ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН - 11.12.2018 09:15
Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароёнро қабул надорем! » - 11.12.2018 00:49
АЗ НОМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ АВРУПО СУХАН ГУФТАНИ ЯК ТУДАИ ИФРОТГАРОЁНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ! - 11.12.2018 00:47
БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД - 10.12.2018 22:19

Дар Конибодом даври шаҳрии озмуни “Маркази таълимӣ - истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” баргузор шуд

( 0 Овоз )

Бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик, дар ин замина дарёфти беҳтарин ҳунармандони атласу адрасбоф санаи 10 нобяри соли ҷорӣ дар шаҳри Конибодом даври шаҳрии озмуни “Маркази таълимӣ - истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” гузаронида шуд.

Дар озмун намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, намояндагони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ҳунармандони марказҳои таълимӣ-истеҳсолии ҷамоатҳои деҳот ва муасиссаҳои таълимӣ, инчунин занони ҳунарманди хонашин иштирок доштанд. Адрасбофони ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ва муассисаҳои таълимӣ намунаҳои матоъҳои дастибофи худро нишон доданд ва ҳакамон аз рӯи шартҳои озмун ба он баҳогузорӣ намуданд. Ҳангоми баҳогузорӣ асосан ба суръати истеҳсоли матои адрас ва сифати он таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шуд. Дар натиҷа маркази таълимию истеҳсолии “Бунафша” аз ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ соҳиби ҷойи аввал шуд. Ҷойи дуюмро муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 ва ҷойи сеюмро  маркази таълимӣ- истеҳсолии “Ганҷина” соҳиб шуданд. Шоҳҷоиза насиби ҳунарманд - Абдуллоева Дилором аз ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ гардид. Дар охир ба ҳамаи иштирокдорон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Конибодом даври шаҳрии озмуни “Маркази таълимӣ - истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” баргузор шуд