Хабарҳо
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 25.06.2018 15:55
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сокинони Шаҳристонро даъват намуданд, ки дӯстию ҳамкориро бо Ӯзбекистон густариш бахшанд - 25.06.2018 15:07
Маросими ифтитоҳи Меҳмонхонаи замонавии “Киропол” дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истаравшан - 25.06.2018 09:28
Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории 16 — ошёнаи «Роҳи абрешим» дар шаҳри Истаравшан - 25.06.2018 08:43
Ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии «Фаровон» дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан - 25.06.2018 08:30
Муроҷиати иттиҳоди точикони Қазокистон ба кишварҳо ва сохторҳои Аврупо роҷеъ ба мусоҳибаи раиси ҳизби террористии наҳзати ислом - 25.06.2018 08:48
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан - 25.06.2018 08:19
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Нишони давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан - 25.06.2018 08:18
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд - 25.06.2018 07:01
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шаҳристон - 24.06.2018 13:00

Оғози сохтмони Қасри фарҳанг дар ноҳияи Мастчоҳ

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Мастчоҳ  корҳои сохтмонии Қасри фарҳанги ноҳия оғоз гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, раиси ноҳия Ғайрат Азиззода зимни оғози корҳои сохтмонии ин иншооти фарҳангӣ ва суҳбат бо сохтмончиён иброз дошт, ки Қасри фарҳанги замонавӣ бо дастури Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд хоҳад шуд.

Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ дар масоҳати умумии 1,5 га бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат ва дорои 1000 ҷойи нишаст хоҳад буд. Фармоишгар дирексияи сохтмони иншооти  ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчӣ ҶДММ “Сохтмон” мебошад. Тибқи лоиҳа бинои Қасри фарҳанг дар давоми ду сол мавриди истифода қарор дода мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози сохтмони Қасри фарҳанг дар ноҳияи Мастчоҳ