Хабарҳо
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47

Бахшида ба Рўзи милитсияи тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд

( 0 Овоз )

Дар Театри мазҳака – мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ба муносибати Рўзи милитсияи тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал – майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшид ва сипас муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо номаи шодбошии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба муносибати Рўзи милитсияи тоҷик қироат кард. Мавсуф кулли кормандони милитсияи тоҷикро бо ин рўзи муборак табрик гуфта, дар иҷрои вазифаи пурмасъулият, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дар ҷодаи пешгирӣ кардан ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ комёбиҳо орзу намуд.

Номаи шодбошии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро ба муносибати Рўзи милитсияи тоҷик муовини Вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов қироат кард. Мавсуф дар бораи қаҳрамонӣ, муборизаи кормандони мақомот бар зидди гурўҳҳои эсктремистӣ ва саҳми арзандаашон дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ андешаи хешро баён кард.

Бо қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоят бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, медал, рутбаҳои махсус ва мукофоту тўҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Инчунин дар ин рўзи саид кулли кормандони милитсияи тоҷикро намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон низ табрик намуданд.

Суруду таронаҳо дар иҷрои ҳофизони номии вилоят анҷомбахши маҷлиси тантанавӣ гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бахшида ба Рўзи милитсияи тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд