Хабарҳо
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо кормандони соҳаи маориф - 23.02.2018 16:18
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.02.2018 14:40
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон” - 23.02.2018 13:53
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ - 22.02.2018 09:57
Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расонданд - 22.02.2018 11:51
Конибодом. Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд - 22.02.2018 14:49
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.02.2018 14:59
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо интихобкунандагон - 22.02.2018 14:10
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 22.02.2018 13:53
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова - 22.02.2018 11:30

Иштироки 2 ҳазор нафар хонандагони синфи 11 дар озмоиши кори хаттии ММТ

( 0 Овоз )

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани кори хаттӣ (эссе – иншои мухтасар) ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 31 август то 1 сентябри соли 2015 ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон баён доштанд, корҳои заруриро анҷом дода истодааст.

Марказ тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 уми сентябри соли 2017, № 3863 рӯзи 15-уми октябри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби 10 ҳазор нафар хонандаи синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмоиши калони кори хаттӣ (эссе)-ро баргузор менамояд.

Аз ҷумла, дар озмоиши кори хаттӣ 2 ҳазор нафар хонандагони синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Бӯстон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Панҷакент ва Айнии вилояти Суғд ҷалб шудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Иштироки 2 ҳазор нафар хонандагони синфи 11 дар озмоиши кори хаттии ММТ