Хабарҳо
Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд - 20.10.2017 11:16
Истаравшан. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% иҷро шуд - 20.10.2017 11:13
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир дар ноҳияи Ашт - 20.10.2017 09:03
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 474 913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод - 20.10.2017 08:55
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 603 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст - 20.10.2017 08:42
Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 2 775,4 ҳазор сомониро ташкил кард - 20.10.2017 08:37
«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамояд - 19.10.2017 15:52
Қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид - 19.10.2017 10:25
Аз Хуҷанд ба хориҷи кишвар ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст - 19.10.2017 09:18
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41

Дар Хуҷанд озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи "Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат" доир мешавад

( 0 Овоз )

Бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҳамҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр озмуни шаҳрии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи "Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат" байни хонандагони синфҳои болоии макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ эълон намуд.

Озмуни мазкур бахшида ба Рӯзи Президент ва «Соли ҷавонон» роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он дастгирӣ намудани ташаббусҳои эҷодӣ, дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ғанӣ гардонидани сатҳи маърифатнокӣ ва забондонии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати илмӣ ва зеҳнии ҷавонон ва таҳким бахшидани тарбияи ватандӯстию ахлоқии ҷавонон ва ғайраҳо мебошад.

Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдори Хуҷанд озмуни шаҳрии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат" байни хонандагони синфҳои болоӣ санаи 10 ноябри соли 2017 дар яке аз макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хуҷанд ҷамъбаст мегардад.

Муаллифони маводҳои беҳтарин, ки аз ҷониби ҳайати ҳакамон ғолиб дониста мешаванд бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Хуҷанд озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи "Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат" доир мешавад