Хабарҳо
Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд - 20.10.2017 11:16
Истаравшан. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% иҷро шуд - 20.10.2017 11:13
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир дар ноҳияи Ашт - 20.10.2017 09:03
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 474 913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод - 20.10.2017 08:55
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 603 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст - 20.10.2017 08:42
Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 2 775,4 ҳазор сомониро ташкил кард - 20.10.2017 08:37
«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамояд - 19.10.2017 15:52
Қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид - 19.10.2017 10:25
Аз Хуҷанд ба хориҷи кишвар ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст - 19.10.2017 09:18
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди Меҳргон

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Чун анъана ҳар сол тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” иди ниёгонамон Меҳргон якшанбеи сеюми моҳи октябр дар қаламрави вилоят ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Ҷашни Меҳргон дар радифи Наврӯзу Сада аз куҳантарин идҳои машҳури халқи тоҷик аст. Пайдоиш, рушду такомул ва таҳаввули он ба шуғлу рӯзгори деҳқонон марбут мебошад. Ин ҷашн дар рӯзи 16-уми моҳи меҳр, ки он рӯзро низ рӯзи меҳр меноманд, баргузор мегардид.

Чунонку Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, “Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешуд. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро меҳр гузоштаанд”. Аз ин рӯ, рӯзи меҳр ба муносибати ғундоштани ҳосили боғу зироат ва шукргузорӣ аз неъматҳои Замин-Модар аз тарафи мардум ҷашн гирифта мешавад.

Имрӯз кишоварзони вилояти Суғд ғамхориву пуштибонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамарӯза дарк намуда, бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софдилона меҳнат намуда, ҳамасола афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро таъмин карда истодаанд.

Боиси қаноатмандист, ки деҳқонони ҳимматбаланди вилоят бо масъулияти баланду эҳсоси ватандӯстӣ дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе ва маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, фаъолона иштирок намуда, маводҳои ниёзи мардумро пешниҳод менамоянд ва бо ин амали неку хайрхоҳонаи хеш ба хонадони ҳазорҳо сокинони вилоят шодиву нишот зам карда истодаанд.

Кишоварзони вилоятро бо иди Меҳргон табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон тансиҳатию хонаободӣ, бурдборию комронӣ, хирмани пурбор ва дастовардҳои баланди меҳнатӣ таманно менамоям.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди Меҳргон