Хабарҳо
Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд - 20.10.2017 11:16
Истаравшан. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% иҷро шуд - 20.10.2017 11:13
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир дар ноҳияи Ашт - 20.10.2017 09:03
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 474 913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод - 20.10.2017 08:55
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 603 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст - 20.10.2017 08:42
Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 2 775,4 ҳазор сомониро ташкил кард - 20.10.2017 08:37
«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамояд - 19.10.2017 15:52
Қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид - 19.10.2017 10:25
Аз Хуҷанд ба хориҷи кишвар ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст - 19.10.2017 09:18
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41

Ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҷамъоварии 9920 тонна пахта нақшаи солонаро 100,2 фоиз иҷро намуд

( 0 Овоз )

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов яке аз аввалинҳо шуда аз иҷроиши дурнамои истеҳсоли пахта гузориш дод.

Тибқи иттилои раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комил Салимзода кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов соли 2017 дар майдони 4966 гектар пахта кишт намуданд. Пахтакорони ноҳия аз имкониятҳои мусоид оқилона истифода бурда, корҳои агротехникии пахтаро хуб ба роҳ монда, аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 20 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд.

Дар истеҳсол ва ғунучини ҳосили пахта саҳми ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби «Б. Турдибоев», «Зафари Тоҷикистон», «А. Самадов бобо», «Ленинград», «Ҳ. Олимов» ва «Чашма» назаррас мебошанд. Баъзе аз хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳар як гектар ҳосилнокиро то 50 – 55 сентнер расонида, баҳри иҷроиши дурнамои истеҳсоли пахта саҳми босазо гузоштанд.

Кишоварзони зафарманди ноҳияи Ҷаббор Расулов ба хирмани Ватан 9920 тонна пахта супорида, нақшаи солонаро 100,2 фоиз иҷро намуданд ва ўҳдадор мешаванд, ки то охири мавсим иловатан 2000 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намуда, баҳри ғанӣ гардонидани хирмани Ватан саҳми худро гузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҷамъоварии 9920 тонна пахта нақшаи солонаро 100,2 фоиз иҷро намуд